Web - Amazon

We provide Linux to the World


We support WINRAR [What is this] - [Download .exe file(s) for Windows]

CLASSICISTRANIERI HOME PAGE - YOUTUBE CHANNEL
SITEMAP
Audiobooks by Valerio Di Stefano: Single Download - Complete Download [TAR] [WIM] [ZIP] [RAR] - Alphabetical Download  [TAR] [WIM] [ZIP] [RAR] - Download Instructions

Make a donation: IBAN: IT36M0708677020000000008016 - BIC/SWIFT:  ICRAITRRU60 - VALERIO DI STEFANO or
Privacy Policy Cookie Policy Terms and Conditions
Парламент - Википедиа

Парламент

From Википедиа

МАҶИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ПАРЛАМЕНТ) Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:

  1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
  2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
  3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
  6. Таъини раъйпурсӣ;
  7. Таъсиси судҳо;
  8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
  10. Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
  11. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва унвонҳои махсус;

Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд. Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташ қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад. Иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми аст.

Маҷлиси намояндагон қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияхоро дар сурати ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои ҶТ мувофиқат накардани онҳо бекор мекунад.

Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешӣ ва масъулият дар назди халқ ба амал мебарорад.

Маҷлиси намояндагон ҳокимияти қонунгузориро ба амал бароварда, санадҳои зерин қабул мекунад: қонунҳои конститутсионии ҶТ; қонунҳои ҶТ қарорҳо. Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва Қонуни Конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ" 27 феврали соли 2005 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 мандат аз ҷониби 6 ҳизби сиёсӣ, 61 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардиданд ва ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳавзаҳои якмандатӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон 209 номзад пешбарӣ гардид, ки 170 нафар ба қайд гирифта шуда буданд. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ҳизби сиёсӣ: Ҳизби демократӣ, Ҳизби коммунистӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мубориза бурданд. Ҳизби халқии демократии Тоҷикстон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳадди 5-фоизаро гузаштанд. 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, аз ҷумла аз ҲКТ3 , ҲНИТ2 ва ҲХДТ17 вакил ва аз ҳавзаи якмандатӣ 41 вакил интихоб гардид. Аз шумораи умумии вакилон 11 нафар занон мебошанд. Дар байни вакилони Маҷлиси намояндагон 11 нафар ҳуқуқшинос, 12 нафар муҳандис, 7 нафар иқтисодчӣ, 3 нафар агроному зоотехник, 26 нафар омӯзгор, 1 нафар духтур, 1 нафар рӯзноманигор, 1 нафар китобшинос, 1 нафар мутахассиси равобити байналмилалӣ, 2 нафар байтор фаъолият менамоянд. Аз онҳо 3 нафар узви вобастаи Академияи улум, 7 нафар доктори илм, 11 нафар номзади илм ҳастанд. Аз 63 вакил 4 нафар аъзои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, 46 нафар аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошанд, 11 нафар узвияти ҳизбӣ надоранд. 12 нафар вакилони даъвати гузашта ин даъфа низ вакил интихоб шуданд.

[вироиш] Пайвандҳои беруна

МАҶИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ПАРЛАМЕНТ)

Our "Network":

Project Gutenberg
https://gutenberg.classicistranieri.com

Encyclopaedia Britannica 1911
https://encyclopaediabritannica.classicistranieri.com

Librivox Audiobooks
https://librivox.classicistranieri.com

Linux Distributions
https://old.classicistranieri.com

Magnatune (MP3 Music)
https://magnatune.classicistranieri.com

Static Wikipedia (June 2008)
https://wikipedia.classicistranieri.com

Static Wikipedia (March 2008)
https://wikipedia2007.classicistranieri.com/mar2008/

Static Wikipedia (2007)
https://wikipedia2007.classicistranieri.com

Static Wikipedia (2006)
https://wikipedia2006.classicistranieri.com

Liber Liber
https://liberliber.classicistranieri.com

ZIM Files for Kiwix
https://zim.classicistranieri.com


Other Websites:

Bach - Goldberg Variations
https://www.goldbergvariations.org

Lazarillo de Tormes
https://www.lazarillodetormes.org

Madame Bovary
https://www.madamebovary.org

Il Fu Mattia Pascal
https://www.mattiapascal.it

The Voice in the Desert
https://www.thevoiceinthedesert.org

Confessione d'un amore fascista
https://www.amorefascista.it

Malinverno
https://www.malinverno.org

Debito formativo
https://www.debitoformativo.it

Adina Spire
https://www.adinaspire.com