Рубоиёти Хайём
From Википедиа
Рубоиёти Хайём, маҷмӯи рубоиётест, ки шоири бузург Умари Хайём навиштааст. Чанд намунаи онҳо.
- Гар бар фалакӣ, ба хок бозорандат.
- В-ар бар сари нозӣ, ба ниёз орандат.
- Филҷумла, мараз ба ҷаҳл то битвонӣ,
- В-озор маҷӯ, то ба ниёз орандат.
- Май гарчи ба шаръ зиштном аст, хуш аст,
- Чун бар кафи соқиву ғулом аст, хуш аст.
- Талх аст ҳаром аст, хушам меояд,
- Дерест, ки ҳар чиз ҳаром аст, хуш аст.
- Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,
- Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
- Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ишқ,
- Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.
- Ҳарчанд, ки аз гуноҳ бадбахтаму зишт,
- Навмед наям чу бутпарастони куништ,
- Мирам чу гаҳи саҳар зи махмурӣ боз,
- Май хоҳаму маъшуқ, на масҷид на куништ.
- Ҳар дил, ки дар ӯ меҳру муҳаббат насиришт,
- Хоҳ аҳли саҷҷода бошаду хоҳ аҳли куништ.
- Дарт дафтари ишқ номи ҳар кас, навишт,
- Озод зи дӯзах асту фориғ зи биҳишт.
- Онон, ки кашандаи шароби нобанд,
- Б-онон, ки ба шаб ҳамеша дар меҳробанд.
- Бар хушк касе нест, ҳама дар обанд,
- Бедор якест, дигарон дар хобанд.